Дар Тоҷикистон 80 тарҳи сармоягузории 42 миллиард сомонӣ дар дасти иҷро аст
(last modified Mon, 01 Aug 2022 14:05:10 GMT )
Август 01, 2022 19:05 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон 80 тарҳи сармоягузории 42 миллиард сомонӣ дар дасти иҷро аст
    Дар Тоҷикистон 80 тарҳи сармоягузории 42 миллиард сомонӣ дар дасти иҷро аст

Раиси Кумитаи сармоягузори ва мудирияти амволи Тоҷикистон эълом кард, ки дар ин кишвар 80 тарҳ бо сармоягузории 42 миллиард сомонӣ 4 миллиард доллар дар дасти иҷро мебошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Саъди Қодирзода дар нишасти хабари дар Душанбе гуфт, ки дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ барои иҷрои тарҳҳои зербиноӣ ин кишвар маблағи 173 миллон доллар ҷазб шуда аст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиши 50 дарсадиро нишон медиҳад.

Дар ин муддат наздик ба 216 миллион доллар барои иҷрои тарҳҳои зербиноӣ дар Тоҷикистон харҷ шуда аст.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузори ва мудирияти амволи Тоҷикистон Чин, Шветсия, Англия ва Люксембург аз кишварҳои асосии сармоягузор дар иқтисоди ин кишвар мебошанд.