Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири хориҷаи Ҷумуҳрии Чин
Дар дидори раиси Ҷумуҳрии Тоҷикистон бо вазири хориҷаи Чин дар Душанбе равобити дуҷониба мавриди барраси қарор гирифт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон ва Ван И аз сатҳи болои ҳамкори дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардустона ва ҳамчунин дар ҳавзаи амниятӣ ибрози ризоят карданд.
Чин ҷойгоҳи яке аз бузургтарин шарикони тиҷорӣ ва сармоягузорони Тоҷикистонро ҳифз карда аст.
Бар асоси омор дар нимаи аввали соли ҷорӣ мубодилоти тиҷоратии ду кишвар нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 82 дарсад афзоиш дошт ва беш аз 19 дарсад аз кулли гардиши тиҷораи хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Дар ин дидор пайромуни ҳамкориҳои дуҷонибаи СҲШ, вазъияти Афғонистон ва минтақа низ баҳсу табодули назар шуд.