Август 09, 2022 18:14 Asia/Dushanbe
  • Таҳримҳои Ғарб зидди Русия сабаби афзоиши содироти Тоҷикистон шуда аст
    Таҳримҳои Ғарб зидди Русия сабаби афзоиши содироти Тоҷикистон шуда аст

Таҳримҳои Ғарб зидди Русия ва хориҷ шудани ширкатҳои амрикоӣ ва аврупоӣ сабаби афзоиши содироти Тоҷикистон ба Русия шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, акнун содироти оби маъданӣ, хушкборимева ва сабзиҷоти Тоҷикистон ба бозори Русия бо афзоиши қобили мулоҳизаи ру ба ру шуда аст.

Алишер Шаҳиди, мудири ширкати тавлидии оби маъданӣ мавсум ба Сиёма мегӯяд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ содироти ин маҳсулот ба Русия дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабол 25 дарсад бештар шуда аст, зеро муштариён дар ширкатҳои Маскав, Қазон, Санкт-Петербург, Ростов, Калуга ва Новосибирск аз ин маҳсули Тоҷикистон истиқбол карданд, ҳамчунин содироти хушкбори Тоҷикистон ба Русия дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 37 дарсад афзоиш ёфта аст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон содироти гелос ва ангур ба Русия дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳ ба соли қабл афзоиши 20 дарсадиро нишон медиҳад.