Судури ҳукми ҳабси абад барои ду тан аз шаҳрвандони Хоруғ
(last modified Wed, 10 Aug 2022 04:18:09 GMT )
Август 10, 2022 09:18 Asia/Dushanbe
  • Судури ҳукми ҳабси абад барои ду тан аз шаҳрвандони Хоруғ

Ду нафар дар Хоруғ ба ҳабси абад маҳкум шуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осёи Марказӣ, додгоҳи вилояти Бадахшони Тоҷикистон, Хайрмуҳаммад Дустмуҳаммадов ва Аслон Гулобов,сокинони шаҳри Хоруғро ба далели мушорикат дар қатли Абдуллоҳ Назаров,раиси шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон муҷрим ташхис дод ва ба ҳабси абад маҳкум кард.
Қаблан ҳам Ғуломалӣ Айёмбеков-писари Толиб Айёмбеков ба ҳабси абад маҳкум шуда буд .
Додгоҳи ҳар сеи онҳоро бар асоси моддаи қонуни “ қатл, нигаҳ доштани ғайриқонунии силоҳ ”,  гаравгонгирӣ ” ва “ авбошӣ ” муттаҳам донист .
Додгоҳ дар бораи ҷинояте ҳукм содир кард, ки даҳ сол қабл 21 июли соли 2012 рух дода ва сабаби як амалиёти низомӣ дар маркази Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон шуд .
Додгоҳи олии Тоҷикистони 9 сол қабл Оқил Айёмбеков, Ҳамза Муродов-ронандаи Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳони собиқи мухолифон дар Бадахшонро дар қатли генерал Абдуллоҳ Назаров-собиқи раиси шуъбаи Кумитаи амнияти миллии ин вилоят муттаҳам дониста, онҳоро ба 17 ва 16 соли ҳабс дар зиндони низомаши шадид ва ҳам мусодираи амвол маҳкум кард.
Худи Толиб Айёмбеков борҳо дар матбуот дасти доштанаш дар қатли Абдуллоҳ Назаровро рад карда буд.