Афзоиши дубораи нархи билети ҳавопаймо дар масири Тоҷикистон ба Русия
Август 10, 2022 11:00 Asia/Dushanbe
Таи рӯзҳои ахир нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия афзоиш ёфт.
Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек,агар дар оғози тобистони имсол нархи билети ҳавопаймо барои ҳар мусофир 3 то 4 ҳазору 400 сомонӣ буд, акнун ин мизон ба 5 то 6 ҳазор сомонӣ расидааст.
Тамоми ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,Бохтар ва Кулоб нархи билетро афзоиш додаанд .
Масъӯлони ин ширкатҳо далели боло рафтани нархи билетро афзоиши тақозо барои парвозҳои Тоҷикистон ба Русия унвон мекунанд, зеро сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия барои кор афзоиш ёфтааст .
Барчасп