Август 10, 2022 11:21 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди 13 шаҳрванди таҳти пайгарди ҷазоии тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон

Додситонии кулли Русия 13 шаҳрванди таҳти пайгарди ҷазоии тоҷикро истирдод кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи додситонии кулли Русия, ин афрод дар Тоҷикистон ба қочоқи маводи мухаддир, дуздӣ, суиистифодаи молӣ, фирор аз хидмати сарбозӣ ва узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ муттаҳам ҳастанд .
Номҳои ин 13 нафар низ аз сӯи додситонии кулли Русия мунташир шудааст, ки онон бо даст задан ба ҷурму ҷиноёти мухталиф дар Тоҷикистон ба Русия фирор кардаанд .
Муттаҳамон ба дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон ва ҳамкории ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии ду кишвар шиносоӣ, боздошт ва ба Тоҷикистон бозгардонда шуданд.
Мақомоти додситонии кулли Русия таъкид кардаанд ҳамкорӣ бо мақомоти тоҷик дар мубориза бо гуруҳҳои террористӣ, қочоқчиёни маводи мухаддир ва аъзои гуруҳҳои созмонёфтаи фаромиллиро идома хоҳанд дод .
 

 

Барчасп