Август 10, 2022 18:11 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи консулгарии Тоҷикистон дар Батуми Гурҷистон
    Ифтитоҳи консулгарии Тоҷикистон дар Батуми Гурҷистон

Консулгарии Тоҷикистон дар Батуми Гурҷистон ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон дар паёми табрикии худ ифтитоҳи консулгариро ифтихори ба муносибати бистуҳаштумин солгарди барқарории равобити дипломатики байни Тоҷикистон ва Гурҷистон донисту гуфт: Ин иқдом кумаки шоён ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, илми ва фаҳрангӣ ва равобити башардустонаи дуҷониба хоҳад кард.

Турник Рижводза, раиси давлтаи ҷумҳурии худмухтори Адҷария низ аз тасмими тарафи Тоҷикистон барои ифтитоҳи консулгари ифтихори дар Батуми қадрдони карду гуфт: Ифтитоҳи консулгарии Тоҷикистон гоми муҳим дар тавсеа ва гардишгарии равобити байни ду кишвар махсусан дар густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, таврсеаи гардишгарӣ ва табодули фарҳангӣ аст.

Дар ин росто ниҳодҳои баландпояи Гурҷистон, шаҳдори Батуми, сарконсулҳои Озарбойҷон, Туркия, Эрон, Украина, Арманистон, консулҳои ифтихории Қазоқистон ва Австрия, намояндагони парлумони Гурҷистон ва намояндагони расонаҳо ширкат карданд.