Август 11, 2022 09:57 Asia/Dushanbe
  • Дастгоҳо ва хутути тавлидии ин ширкат аз кишварҳои Олмон, Русия ва Чин ворид шудааст
    Дастгоҳо ва хутути тавлидии ин ширкат аз кишварҳои Олмон, Русия ва Чин ворид шудааст

Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон як ширкати санъатии чандманзураро дар шаҳристони Истаравшан ифтитоҳ кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ин ширкати санъатӣ бо кумаки корофаринони маҳалӣ  Ислом Азимов ва Алишер Сабуров бо ҳазинаи 6 миллион сомонӣ эҳдос ва таҷҳиз шудааст. Дар ширкати чандманзураи "Шукуфаи рӯз" дар шаҳристони Истаравшан сақфҳои плостикӣ, лулаҳои плостикӣ, фуми сохтмонӣ, часб тавлид мешавад.

Роҳандозии хати тавлиди сақфи плостикӣ дар як воҳиди санъати ҷадид барои аввалин бор дар кишвар аст ва бар асоси стандардҳои ҷаҳонӣ ба муштаритён арза мешавад. Дастгоҳо ва хутути тавлидии ин ширкат аз кишварҳои Олмон, Русия ва Чин ворид шудааст.

Зарфияти тавлидии ин ширкат 6500 метр мурабаъ сақфи плостикӣ, 6 тонн ранги руған, 4500 ҷаъба ранг, 18000 ҷаъба плостики мева ва сабзиҷот ва 2500 ҷабъа фуми сохтмонӣ дар моҳ аст.

Барчасп