Сокинони маҳали сохти нерӯгоҳи Себзор дар Бадахшон ба манзилҳои нав кучиданд.
(last modified Sun, 14 Aug 2022 05:46:04 GMT )
Август 14, 2022 10:46 Asia/Dushanbe
  • Сокинони маҳали сохти нерӯгоҳи Себзор дар Бадахшон ба манзилҳои нав кучиданд.

17 хонавода аз сокинони ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон соҳиби хонаҳои нав шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, сохти ин нерӯгоҳ 90 дарсад пешрафти корӣ дошта ва барои сокинони атрофи он мактаб, кудакистон ва варзишгоҳ низ дар дасти сохт аст .
Нерӯгоҳи барқӣ-обии Себзор дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон бо зарфияти тавлиди 60 миллион киловатт соъат барқ дар сол аз 29 июли соли 2015 дар ҳоли сохт аст .
Бо сохти ин нерӯгоҳ барои 60 нафар аз коргарони ноҳияи Роштқалъа шуғл эҷод мешавад ва ин нерӯгоҳ барқи мавриди ниёзи 220 ҳазор нафар аз сокинони ин минтақаро низ таъмин хоҳад кард .
Гуфта мешавад, ки дар фаслҳои баҳору тобистон нерӯгоҳ метавонад барқи изофаи тавлидиро ба Афғонистон содар кунад .
Банки тавсеъаи Олмон кумаки молии ройгон ба маблағи 17.4 миллион евро барои сохти неругоҳи барқии Себзор дар вилояти Бадахшон ба мақомоти Тоҷикистон додааст .