Сафари ҳайати вилояти Сурхондарёи Узбекистон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон
Август 14, 2022 13:09 Asia/Dushanbe
Ҳайати вилояти Сурхондарёи Узбекистон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон сафар кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сарпарастии ҳайати Узбекистонро Тура Боболов-ҳокими вилояти Сурхондарёро бар уҳда дошт .
Ҳадаф аз сафари ин ҳайат тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ – иқтисодӣ, илмӣ – фаннӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаи устонҳои Хатлон ва Сурхондарё эълом шуд .
Ин гуруҳ дар сафари дурӯза аз корхонаҳои саноъатии Хатлон ва гулхонаҳои замонавӣ , маконҳои сайёҳӣ, осори торихӣ ва арозии кишоварзӣ боздид карданд .
Ҳамчунин маҷмаъи тавсеаи ҳамкориҳои вилоятҳои Хатлон ва Сурхондарё дар ноҳияи Данғара баргузор шуд.
Барчасп