Август 14, 2022 17:00 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 2 баробарии сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон
    Афзоиши 2 баробарии сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Тоҷикистон аз афзоиши қобили таваҷҷуҳи сармоягузории мустақими хориҷӣ дар нимаи аввали имсол дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта хабар дод.

Саъди Қодирзода гуфт: Дар январ-июни соли 2022 сармоягузори мустақими хориҷӣ дар ин кишвар нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 2.1 баробар бештар ва 10.6 миллион долларро ташкил дода аст.

Қодирзода ин мавзуъро дар нишасти хабарии ахири Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ эълом карду афзуд: Бештарин саҳми сармоягузории мустақими хориҷӣ дар ин муддат дар Тоҷикистон кишварҳои Чин, Светсария, Люксембург ва Ангилия буда аст.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Тоҷикистон гуфт: Бахши зиёди сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ яъне 89 миллион доллар дар моҳҳои январ-июни имсол ба саноату маъдани ин кишвар ихтисос ёфта аст. Ҳаҷми кулли сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар як соли гузашта 340 миллион доллар баровард шуда буд.

 

Барчасп