Касби 8 тилло тавассути 8 миллипӯши бадминтони Эрон дар мусобиқоти Осиёи Марказӣ
(last modified Tue, 16 Aug 2022 09:24:27 GMT )
Август 16, 2022 14:24 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқоти бадминтон дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон
    Мусобиқоти бадминтон дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон

Корвони 8 нафараи бадминтони Эрон дар мусобиқоти бадминтони Осиёи Миёна, ки дар Тоҷикистон баргузор шуд, бо 8 тилло ва 4 нуқра ба кори худ поён дод.

Аввалин давраи мусобиқоти бадминтони Осиёи Миёна дар кишвари Тоҷикистон рӯзи душанбе дар шароите ба поён расид, ки миллипӯшони духтару писари Ҷумҳурии исломии Эрон дар тамоми бахшҳо ба мақоми қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Тими миллии зери 15 ва 17 соли духтарону писарони Эрон дар аввалин давраи мусобиқоти Осиёи Миёна тамоми зинаҳоро фатҳ карданд.

Кишварҳои ҳозир дар ин мусобиқот Тоҷикистон, Муғулистон, Эрон, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон буданд, ки Эрон қаҳрамони мутлақи чандин давраи паёпайи Ғарби Осиё, тавонист дар аввалин давраи бозиҳои Осиёи Миёна тамоми зинаҳоро низ фатҳ кунад.

Ҳамчунин хонум Мададӣ, ноибраиси Федератсияи бадминтони Эрон ба унвони кумаки сардовари мусобиқот ба даъват аз Осиё дар ин мусобиқот ҳузур дошт.

Ин мусобиқот аз 11 то 15 август дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид.