Афзоиши содироти алюминийи Тоҷикистон ба Туркия
(last modified Wed, 17 Aug 2022 08:25:43 GMT )
Август 17, 2022 13:25 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти алюминийи Тоҷикистон ба Туркия

Содироти алюминий аз Тоҷикистон ба Туркия дар 6 моҳи аввали соли 2022 милодӣ 4.4 дарсад афзоиш ёфтааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар моҳҳои январ – июни имсоли арзиши содироти алюминийи Тоҷикистон ба Туркия 70.1 миллион доллар баровард шуда, ки 4.4 дарсад бештар аз давраи мушобеҳи соли гузашта аст .
Туркия таи ин давра ( январ – июн ) воридкунандаи аслии алюминийи Тоҷикистон ба шумор меравад .
Аз назари ҳаҷм содироти алюминийи Тоҷикистон ба Туркия дар муддати замони мушаххасшуда ҳудуди 23 ҳазору 94 тан будааст .

Узбекистон дар рутбаи дувуми ин феҳрист қарор гирифтаасту арзиши содироти алюминий дар нимаи аввали имсол ба ин кишвар 10.6 миллион доллар буд .
Даромади Тоҷикистон аз содироти алюминий дар муддати замони мушаххасшуда 88 миллион доллар буда аст.