Ирсоли парвандаи рӯзноманигори тоҷик ба додгоҳ
Парвандаи Абдуллоҳи Ғурбатӣ рӯзноманигори боздошт шудаи тоҷик ба додгоҳ ирсол шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс, ин дар ҳоле аст, ки ҳамсари ин рӯзноманигори боздошт шуда натавониста аст ӯро мулоқот кунад.
Наздикони Абдуллоҳи Ғурбатӣ нигарони саломатии ӯ ҳастанд, зеро ӯ дархости дорӯ кардааст. Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳи Ғурбатӣ гуфт: Қарор буд бо ҳамсараш мулоқот кунад. аммо дар боздошгоҳи муваққат гуфтаанд, ки парвандаи вай ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ирсол шудааст ва бояд барои мулоқот аз ин додгоҳ иҷоза бигиред.
Ҳамсари Абдуллоҳи Ғурбатӣ менгӯяд: Ҳатто дар рӯзи таввалудаш ба мулоқоташ рафтам аммо нагузоштанд.
Ба гуфтаи вай, чанде пеш вақте хӯрокро ба боздошгоҳ овардам шавҳарам чанд навъ дорӯ барои сардард ва кулия хост маълум шуд ҳолаш хуб нест.
Муборк гуфт: Ба ҳамин далел мо бисёр нигарон ҳастем.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар ибтидо ба далели нофармони аз як афсари полис дастгир аммо пас аз он ба узвият дар Ҳизби Наҳзати Исломи муттаҳам шуд.
Фаъолияти Ҳизби Наҳзатии Исломи дар Тоҷикистон мамнуъ аст.