Се таҳдиди аслӣ ба кишварҳои узви СҲШ аз нигоҳи вазири дохилии Тоҷикистон
Вазири умури дохилии Тоҷикистон натиҷаи мубориза бо хатарҳои асосиро дар кишвар назаррас арзёбӣ карда, барои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо изҳори омодагӣ кард.
Ба гузориши “Спутник”, Рамазон Раҳимзода аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай даъват кард, ки ҳамкориро алайҳи 3 зуҳуроти номатлуб: терроризм, экстремизм ва сепаратизм тақвият бахшанд.
Раҳимзода зимни ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд таъкид кард, ки хатарҳои зикршуда ба амнияту суботи тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба фазои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай таҳдид менамоянд.
Раҳимзода дар идома афзуд, ҳамкорӣ барои ҳифзи сулҳу субот ва амният дар фазои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз самтҳои афзалиятноки дигари муҳим маҳсуб мешавад.