Тоҷикистон: Тарҳи барқи косоҳазор дар Афғонистон мутавақиф шуд
-
Тоҷикистон: Тарҳи барқи косоҳазор дар Афғонистон мутавақиф шуд
Мақомоти давлати Тоҷикистон мегӯянд ба далели шароити амнияти дар Афғонистон иҷрои тарҳи барқи косоҳазор дар Афғонистон мутавақиф шуда аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Райтерз, Файзали Самиев, раиси дафтари тарҳи барқи Тоҷикистон гуфт: Кор руи ин тарҳ, ки қарор буд дар соли оянда такмил шавад ба истиснои Афғонистон дар се кившари дигар идома дорад.
Вай изҳор дошт: Мо умедвор ҳастем, ки тамосҳо бо тарафи афғон барқарор шуд ва роҳҳои татбиқи ин тарҳ барраси шавад.
Тарҳи косоҳазор соли 2016 бо ҳузури мақомоти аршади Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон ифтитоҳ шуд ин тарҳи барқи Тоҷикистон ва Қирғизистонро аз тариқи Афғонистон ба Покистон мунтақил мекунад.
Ин тарҳ ба таври як ҳазору 250 километр аз хоки афғонистон мегузарад.
Харҷи ин тарҳ ҳудуди як миллиарду 17 миллион доллар пешбини шуд, ки аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиё, Бонки тавсеаи исломӣ ва кишварҳои Амрико ва Англия пардохт мешавад.