Иҷборӣ шудани тести “Ковид -19” дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ дар бораи бемории сироятии COVID-19 ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия ҳангоми сафар аз масири ҳавоӣ ҳатмӣ мешавад.
Масъулони Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон эълом карданд, пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани бемории Ковид - 19 дар фурудгоҳҳо ҳатмӣ мешавад.
Ба гузориши “Спутник”, ин тасмим ба далели афзоиши сироятёбӣ ба бемории COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон гирифта шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, тасмими судури қарори мазкур аз сӯйи Ситоди ҷумҳуриявӣ барои пурзӯр намудани чораҳои зиддисироятӣ дар ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Тоҷикистон гирифта шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ расонидаанд, ки қарори мазкур ба хотири афзоиш ёфтани гирифторӣ ба бемории сироятии COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба тасвиб расидааст.