Август 26, 2022 19:53 Asia/Dushanbe
  • Комиссари олии СММ хост, ки Тоҷикистон паноҳандагони афғонро ихроҷ накунад
    Комиссари олии СММ хост, ки Тоҷикистон паноҳандагони афғонро ихроҷ накунад

Дафтари комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон зимни ибрози нигаронии ҷиддӣ нисбат ба мавориди боздошту ихроҷи паноҳҷӯёни афғон, аз Тоҷикистон хост ба ин иқдомот поён диҳад.

Ба гузориши «Форс», дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар баёнияе нисбат ба мавориди боздошту ихроҷи паноҳҷӯёни афғон аз Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ ибрози нигаронӣ карду хост, ба ин иқдомот поён дода шавад.

Дар ин баёния омадааст: Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон ҳушдор медиҳад, ки бозгардонидани иҷбории афроде, ки аз озору азият фирор мекунанд, ба кишварашон бар хилофи майлашон ғайриқонунӣ аст ва ҷони онҳоро ба хатар меандозад.

Бинобар ин баёния, чанд рӯз қабл (23 август) 5 шаҳрванди Афғонистон, аз ҷумла як хонавода шомили 3 кӯдаку модарашон бо вуҷуди талошҳои комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон барои ҷилавгирӣ аз ихроҷи онҳо, аз тариқи посгоҳи марзии Панҷи поён дар ҷануби Тоҷикистон ба Афғонистон бозгардонда шуданд.

Элизабет Тон, мудири бахши ҳифозати байналмилалии комиссари олии панаҳандагони СММ гуфт: Тоҷикистон бояд боздошту ихроҷи паноҳҷӯёнро мутаваққиф кунад, иқдомоте ки ба сурати ошкор ҷони мардумро ба хатар меандозад.

То кунун мақомоти Тоҷикистон ба ин баёнияи комиссари СММ ҳеҷ вокунише накардаанд.

Бисёре аз паноҳҷӯёни афғон Тоҷикистонро як кишвари транзитӣ медонанд ва саъй мекунанд аз ин ҷо ба Канада ё кишварҳои аврупоӣ сафар кунанд.

Бинобари гузориши Комиссари олии паноҳандагони СММ дар як соли гузашта ҳудуди 4 ҳазор паноҳҷӯи афғон аз Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм мунтақил шудаанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп