Август 29, 2022 09:40 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши теъдоди нафақахурони фавтшуда дар Хатлон
    Коҳиши теъдоди нафақахурони фавтшуда дар Хатлон

Теъдоди нафақирон дар минтақаи Хатлон коҳиш ёфт.

Ба гузориши “Спутник”, Агентии бимаи иҷтимоӣ ва бознишастагии минтақаи Хатлони Тоҷикистон аз коҳиши маргу мири нафақагирон дар минтақа хабар дод.

Дар 7 моҳи имсол 3 ҳазору 800 нафақагир дар минтақаи Хатлон ҷони худро аз даст доданд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 333 нафар коҳиш доштааст.

Ҳамчунин теъдоди нафақагирон дар ин муддат ба 7 ҳазору 184 нафар афзоиш ёфтааст. Дар ин муддат 3 миллиону 165 ҳазору 515 сомонӣ барои маросими тарҳиму кумакҳазинаи нафақагирони бебизоати фавтшудаи минтақа пардохт шуд. Бар асоси иттилооти Агентии бимаи иҷтимоӣ ва бознишастагии Хатлон теъдоди кулли нафақагирони минтақа 271 ҳазору 184 нафар аст.

 

Барчасп