Кумаки 10 миллион евроии Комиссиюни Аврупо ба бахши энержии Тоҷикистон
Идораи кулли ҳамкориҳои байналмиллалии Комиссиюни Аврупо қасд дорад барои ҳимоят аз бахши энержии Тоҷикистон ба ин кишвар 10 миллион евро ихтисос диҳад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, идораи кулли ҳамкориҳои байналмиллалии Комиссиюни Аврупо дар назар дорад барои иҷрои маҷмӯъае аз иқдомот дар заминаи ҳимоят аз бахши энержии Тоҷикистон ба ин кишвар 10 миллион евро тахсис диҳад .
Бинобар гузориши Комиссиюни Аврупо ин пружа истифода аз манобеи энержии пойдор дар Тоҷикистонро бо ҳифзи муҳит ниҳодӣ ва назорати муносиб дар бахши энержиро тарвиҷ мекунад .
Хотирнишон мешавад ки буҷети тахсисёфта ба вижа бояд ба тавсеаи зарфияту короии Вазорати энержӣ ва манобеи об, ширкати давлатии энержии « Барқи Тоҷик » ва идораи мудирияти барқи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон кумак кунад .
Комиссиюни Аврупо эълом карда ин маҷмӯъаи иқдомот ба шаффофтар шудани бозори барқи Тоҷикистон кумак мекунад . Ба навбати худ ин қиматҳо барои бахши хусӯсӣ ҷаззоб хоҳад буд ва тамоми илзомоти модернро, ки дар бозори барқи минтақа ҷорӣ мешавад, бароварда мекунад .
Илова бар ин ин пружа ба тақвияти таъомули байни нафъдорон дар бахши энержӣ ва коҳиши интишороти газҳои зарарнок барои муҳити зист кумак хоҳад кард .
Хабаргузории Райтер чанде қабл бо истинод ба намояндагони расмии Иттиҳодияи Аврупо гузориш дода буд, ки банки сармоягузории Аврупо қасд дорад ба бузургтарин сармоягузор дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун табдил шавад .
Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо ин иқдомро бо тамоюли мустақил сохтани Тоҷикистон ва ҳамсояҳои ин кишвар аз энержии Русия муртабит хонда буд .