Август 31, 2022 11:51 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 200 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон ба синфи 1 мераванд

Имсол 200 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон ба синфи якум мераванд.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, ин дар ҳоле аст, ки соли гузашта 240 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон ба синфи аввал рафтанд.

Бар асоси омори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, айни замон дар мамлакат 3 ҳазору 940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 млн 195 ҳазору 619 нафар хонанда фаъолият менамоянд ва ба онҳо 128 ҳазор 827 омӯзгор дарс медиҳанд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 19 июли соли равон, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буд, ки то 1 майи соли 2022 дар кишвар беш аз 3 ҳазору 400 нафар омӯзгор намерасад. Вале як моҳ нагузашта, вазорат рӯзи 8 август хабар дод, ки норасоии кадриро аз 3,4  ҳазор ба 544 нафар расониданд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ибрози итминон кард, ки то оғози соли таҳсилии 2022 - 2023 камбуди нерӯ ба таври комил бартараф хоҳад шуд.