Ҳузури 3 намояндаи Тоҷикистон дар Мусобиқоти ҷаҳонии гуштӣ
Сентябр 01, 2022 12:21 Asia/Dushanbe
Тоҷикистон бо се нафар дар Мусобиқоти ҷаҳонии гуштӣ ширкат мекунад.
10 то 18 сентябр Мусобиқоти гуштии қаҳрамонии ҷаҳон дар Белгради Сербия баргузор мешавад.
Бар асоси эъломи Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ 800 гуштигир аз 73 кишвар барои ҳузур дар ин мусобиқот эъломи омодагӣ карданд.
Мусобиқот дар 10 вазни гуштии озод, 10 вазни гуштии фарангӣ ва 10 вазни бонувон баргузор мешавад.
Муҳаммад Икромов дар вазни 57 килограм, Ҳикматуллоҳ Воҳидов дар вазни 61 килограм ва Шуҳрат Бузургов дар вазни 79 килограм, 3 гуштигири тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии Белград ҳастанд.
Барчасп