Шикояти сокинони яке аз рустоҳои Панҷакент аз фаъолияти корхонаи чинӣ
Сокинони яке аз рустоҳои Панҷакент аз фаъолияти корхонаи чинӣ шикоят доранд.
Онҳо мегӯянд, ин ширкат аз маводе барои коркарди тилло истифода мекунад, ки сабаби масмумияти сокинони рустоҳои атроф шудааст.
Ширкати муштараки Чину Тоҷикистон ба номи "Зарафшон" дар фосилаи ҳудуди 300 метрии рустои Хумгарон, дар ноҳияи Панҷакент тилло фароварӣ мекунад.
Мардум мегӯянд, пайгирии онҳо аз масъулон барои ҳифзи саломатӣ натиҷае надоштааст.
Рустои Хумгарон аз тавобеи ноҳияи Панҷакент, ба гуфтаи аҳолии он то 25 соли пеш дорои табиати зебову обу ҳавое тамиз будааст, аммо пас аз сохти ширкати фароварии тилло ҳама чиз нобуд шуд.
Ба гуфтаи сокинон, пас аз чандин сол фаъолияти ин ширкат вазъияти саломатии онҳо рӯ ба вахомат гузоштааст.
Дар деҳаи Хумгарон 200 хонавода зиндагӣ мекунанд.
Садои теъдоде аз аҳолии деҳа ва Қобил Турсунов, мудири Хадамоти эминӣ ва муҳити зист ширкати муштараки “Зарафшон” бишнавед: