Таъкиди Тоҷикистону Кувайт бар тавсеаи ҳамкориҳо
Дар дидори сафири Тоҷикистон бо муовини вазири умӯри хориҷаи Кувайт бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид шуд .
Ба гузориши хабаргузории Форс дар дидори Зубайдуллоҳ Зубайдзода-сафири Тоҷикистон бо Ҳамад Сулаймон ал-Мишъон-муовини тавсеаву ҳамкориҳои байналмиллалии вазири умӯри хориҷаи Кувайт бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталифи мавриди алоқа таъкид шуд .
Зубайдзода ва Сулаймон ал-Мишъон дар мавриди дастури кори сеюмин нишасти комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ ва фаннии ду кишвар, ки 9 то 22 сентябр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, табодули назар карданд .
Қарор аст дар ҳошияи ин комиссиюн ҳамчунин нишасти туҷҷору сармоягузорони Тоҷикистону Кувайт баргузор шавад .
Бештар бихонед:
-
Баррасии густариши равобити Тоҷикистон ва Кувайт дар Душанбе
-
Тавсеаи равобити дуҷониба - меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Кувайт