Сентябр 06, 2022 17:21 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли кумакҳои башардустонаи Тоҷикистон барои селзадагони Покистон

Тоҷикистон кумакҳои башардустона барои селзадагони Покистон ирсол кард.

Дар пайи вуқуъи чанд марҳала сели вайронгар дар манотиқи мухталифи Покистон ва ибрози ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ориф Алавӣ, ҳамтои покистонии худ, Душанбе иқдом ба эъзоми кумакҳои башардустона барои селзадагони ин кишвар кард.

"Кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат мебошад, ки вазни умумии беш аз 3000 тонна ва маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад".

Тайи ҳафтаҳои ахир боронҳои селосо дар манотиқи мухталифи Покистон беш аз 33 миллион нафар хисороти дида, дастикам 1265 қурбонӣ дошта ва муҷиби тахриби беш аз як миллион хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳо, пул ва соири зерсохтҳо шуд.

 

Барчасп