Сентябр 07, 2022 09:06 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии ҳаракати қатораҳо дар масири Хуҷанд - Волгоград

Ҳаракати қатораҳои мусофирбарии Хуҷанд - Волгоград пас аз 2 соли таваққуф 7 сентябр азсар гирифта мешавад.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, дар корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” хабар доданд, ки қатораи аввал иборат аз 10 вагон нимаи рӯзи чоршанбе (7 сентябр) соати 13 бо вақти маҳаллӣ ба роҳ баромада, пас аз 2,5 соат ба нуқтаи таъинот мерасад.

Қатора аз 10 вагон иборат буда, барои 614 мусофир пешбинӣ гардидааст. То шоми 5 сентябр аллакай беш аз 400 чиптаи он фурӯхта шудааст.

Қатора дар самти Хуҷанд - Волгоград ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе ҳаракат хоҳад намуд. Нархи билет вобаста ба интихоби вагон аз 1200 то 1300 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ин сеюмин масири мусофирбарӣ бо қатора аз Тоҷикистон ба самти Русия мебошад. Рӯзи 16-уми август аз Кӯлоб ва 27-уми август - аз Душанбе қатораҳо баъд аз танаффуси беш аз дусола ба роҳ баромада буданд.

 

Барчасп