Тавзеҳи иллати таътилии китобфурушиҳои мазҳабӣ дар шаҳри Душанбе
Мақомот сабаби бастани дӯконҳои китоби диниро шарҳ доданд.
Ба навиштаи сомонаи Азия Плюс,Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон воридот ва фурӯши ғайриқонунии китобҳои динӣ, нагузаштани асарҳо аз ташхиси диншиносӣ ва шикояти муаллифони китобҳоро аз сабабҳои аслии баста шудани дари дӯконҳои китоби динӣ дар Душанбе гуфтанд.
Афшини Муқим, сухангӯи ин ниҳод гуфт, дар баробари дӯконҳо, дари чанд матбаа низ бо ин далел баста шуда, нисбати соҳибони дӯкон ва матбааҳо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Ӯ афзуд, баста шудани дари дӯконҳои китоби динӣ муваққатӣ аст ва он китобҳое, ки аз мағоза ва матбааҳо мусодира шуданд, айни ҳол дар омӯзиш ва баррасӣ қарор доранд.
Сухангӯи Кумитаи дин гуфт,“Тибқи қонунгузорӣ онҳо бояд ҳамаи китобҳои диниро пеш аз ворид намудан ба кишвар ва ба фурӯш баровардан аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаронанд. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки баъзе аз фурӯшандагон баъди чанд соли аз ташхиси диншиносӣ гузаронидани китоб, онро бори дигар нашр кардаву ба фурӯш мебароранд. Дар ин муддат шояд ба муҳтавои ин китобҳо тағйирот ворид шуда бошад”.