Тавофуқномаи ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкории ду кишвар дар заминаи фарҳангиро баррасӣ карданд.
Дар дидори Зафаршо Иброҳимзода, Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» бо Валид ибни Абдурраҳмон ар—Рушайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе мавзӯи ҳамкории байни музейҳои миллии ду кишвар ва имзои тавофуқнома баррасӣ шуд.
Бино ба навиштаи сомонаи Ховар, дар мулоқот мусоҳибон масъалаҳои марбут ба табодули таҷрибаи осорхонавӣ, тармиму таҳкими ашёи нодири осорхонавӣ, таҳия ва чоп намудани феҳристи ёдгориҳои нодири осорхона бо забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ, ташкил ва баргузории намоишҳои муваққатӣ дар Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, омода намудани мутахассисон дар соҳаи тармиму консерватсия ва дигар самтҳои муҳими фаъолияти осорхонавиро баррасӣ намуданд.Ҳамзамон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон тавассути толорҳои экспозитсионии осорхона бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуд.
Баъди тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дипломати саудӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро дарҷ намуд.