Сентябр 11, 2022 16:52 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши табодули тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Чин

Дар натиҷаи иҷрои дастуроти сарони ду кишвари Тоҷикистону Чин ва таваҷҷуҳи вижаи онҳо ба тақвияти равобити дуҷониба ва чандҷониба, ҳаҷми мубодилоти тиҷорати хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳурии Чин дар 7 моҳи соли ҷорӣ, муодили 766 миллиондоллар шуд, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли 2021 ба андозаи 314 миллиондоллар бештар аст.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар таърихи 7 сентябр дар Душанбе давоздаҳумини нишасти Комиссиони байнидавлатии Тоҷикистону Чин дар мавриди мавзуоти ҳамкориҳои муштараки тиҷорӣ ва иқтисодӣ ба раёсати Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ван Шу Вэн, муовини аввали вазири бозаргонии Ҷумҳурии Чин видеоконфронс баргузор шуд.

Тарафайн маҷмӯъае аз мавзуоти ҳамкории байни кишварҳоро дар заминаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энержӣ, омӯзишу илм, кишоварзӣ, фанноварӣ ва соири бахшҳо бо рӯйкарде созанда мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Саҳми Чин дар табодули тиҷорати хориҷии Тоҷикистони 18.5 дарсад ва дар ҷойгоҳи сеюм қарор гирифт.

Содироти коло ба Чин аз январ то июли соли 2022 болиғ бар 245 миллион будааст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 179 миллион доллар ё 3.7 баробар бештар аст.

Воридоти коло 521 миллион доллар аст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 135 миллиондоллар ё 34.8 дарсад афзоиш ёфт.

 

Барчасп