Сентябр 12, 2022 19:04 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисиҷумҳур ва раисимаҷлиси Тоҷикистон бо раисимаҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Дидори раисиҷумҳур ва раисимаҷлиси Тоҷикистон бо раисимаҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 12 сентябр бо Соҳиба Ғафорова, раиси маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон дидору гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор мавзуъоти ҳамкори дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла равобити байни парлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавриди баҳсур барраси қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки мо барои тавсеаи мустамари ҳамкориҳои байни давлатӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон аҳамияти зиёди қоил ҳастем.

Дар ин дидор ҳарду тараф фаъол шудани кори камисиони байни давлатии тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тасвиби барномаи иқдом барои ҳамкориҳои иқтисодӣ то соли 2025-ро мавриди баҳсу барраси қарор доданд.

Дар ин дидор дар хусуси густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳои саноати, иҷрои тарҳҳо дар бахшҳои маъданӣ ва фароварӣ, ҳамкориҳои ширкатҳои Талкои Тоҷикистон ва Азералюминӣ-и Озарбойҷон табодули назар шуд.

Ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои кишоварзӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот, эҳёи тарҳҳои мустақими Душанбе ва Боку ва рушди гардишгарӣ зарури талқи шуд.

Бино бар даъвати Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе дар таърихи 10 сентябр Соҳиба Ғафорова, раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар карда аст.

 

Барчасп