Рӯзҳои синамоӣ Тоҷикистон дар чордаҳ-умин ҷашнвораи байналмиллалии филми Тошканд
Чордаҳ-умин ҷашнвораи байналмиллалии филми Тошканд аз 13 то 18 сентябр бо номи "Ҷашнваораҳои Ҷодаи Абрешим" дар Ҷумҳурии Узбакистон баргузор мешавад, ки дар чорчуби он рӯзҳои филми Тоҷикистон дар Узбакистон баргузор мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, дар рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Узбакистон филмҳои достонӣ ва мустанади муассисаи давлатии Тоҷикфилм монанди Охирин сайди саёд ба коргардонии Муҳаммадраби Исмоил, Ҷода ба коргардонии Носир Саидов, Духтари фариштагон ба коргардонии Умедшоҳ Мирзоширинов, Масири ҳамдили Созмони Ҳамкори Шанхай ба коргардонии Файзулло Файзов ва Се рӯзи як баҳор ба коргардонии Рустамоҳ Азимов барои синамодустон ба намоиш дар меояд.
Ҳамчунин дар чорчуби рӯзҳои синамоӣ Тоҷикистон дар Узбакистон қарор аст тавофуқномаи оғози тавлиди филми муштараки ҳунари ва таърихии Дурахши ахтарон "Ҷоми ва Навоӣ" мунъақид шавад.