Ҳузури раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар конфронси раҳбарони мазоҳиби ҷаҳон
(last modified Tue, 13 Sep 2022 13:37:28 GMT )
Сентябр 13, 2022 18:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар конфронси раҳбарони мазоҳиби ҷаҳон
    Ҳузури раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар конфронси раҳбарони мазоҳиби ҷаҳон

Дар таърихи 15 то 16 сентябр ҳафтумин конфронси байналмиллалии раҳбарони адёни ҷаҳонӣ ва суннати ба номи "Нақши раҳбарони адёни ҷаҳонӣ ва суннати дар рушди иҷтимоъӣ ва маънавии башарият дар даврони пас аз ҳамагирӣ" дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мешавад, ки дар он Саидмукарам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.

Ба гузориш Ховар Саидмукарам Абдуқодирзода дар ин конфронс ба забони арабӣ дар мавзуъи "Мушорикаи раҳбарони мазҳаби дар густариши гуфтугғ ва сулҳи ҷаҳонӣ, мубориза бо ифротигароӣ, радикализм ва терроризм ба вижа дар заминаи мазҳабӣ" суханрони хоҳад кард.

Қарор аст намояндагони аз 50 кишвари ҷаҳон дар ин конфронс ширкат ва суханрони кунанд.

Ба гузориши расонаҳои қазоқистонӣ ширкати Поп Франсис, шайх Аҳмад Тайиб, имоми Ал-Азҳари Миср ва дигар раҳбарони маънавӣ дар ин конфронс ширкат кунанд.