Сентябр 14, 2022 09:58 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии муштзани тоҷик дар масоф бо ҳарифи аргентинӣ

Муштзани тоҷик дар мусобиқоти “RCC Boxing Promotion”, Кароос Даниел Кордобаро мағлӯб кард.

Муҳаммад Яъқубов, муштзани тоҷикистонӣ дар мусобиқоти “RCC Boxing Promotion”, ки дар Русия баргузор шуд, ширкат кард ва дар масоф бо қавитарин ҳарифи худ пирӯз шуд.

Муҳмамад дар ин рақобат бо Кароос Даниел Кордоба, намояндаи Аргентина мубориза кард дар ин рақобати ҷаззоб, заработи Муҳаммад Яъқубов бештар аз ҳариф буд.

Бо раъйи доварон муштзани тоҷикистонӣ пирӯз эълом шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки Муҳаммад Яъқубов 19 бурд ва 1 бохт дорад. Кароос Даниел Кордоба дар 15 мусобиқа 7 бор шикастхӯрдааст.