Сентябр 18, 2022 14:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳануз омори дақиқи талафоти Тоҷикистон эълом нашудааст
    Ҳануз омори дақиқи талафоти Тоҷикистон эълом нашудааст

Масъулони амниятии Қирғизистон ва Тоҷикистон шанбешаб барои тавақуфи даргири дар марзи байни дукишвар ки то кунун дасти кам 24 кушта ва беш аз сад захмӣ барҷой гузоштааст, сари мизи музокира нишастаанд.

Таниши марзӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳар чанд вақт як бор ташдид мешавад. Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳудуди 984 километр марзи муштарак доранд ва аз замони фурӯпошии  Иттиҳоди  Ҷамоҳир Шуравӣ то моҳи майи 2021, дукишвар танҳо бар сари марзбандии ҳудуди 600 километр ба тавофуқ расидаанд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз   Associated Press ,сервиси марзии Қирғизистон даври ҷадиди гуфтугӯ-ро дар ҳоле эълом кард, ки ин кишвар ва Тоҷикистон якдигарро ба хотири гулулаборонҳое, ки субҳи шанбе пас аз як оташбаси кӯтоҳ дар шанбешаб сар гирфта шуд, сарзаниш кардаанд.

Руасои горди марзии дукишвар ҳаволии нима шаби шанбе мулоқот карда ва тавофуқ кардаанд, ки як гурӯҳи назоратии муштарак барои кумак ба поён додан ба хусуматҳои эҷод кунанд.

Дар ҳамин ҳол Содир Ҷаборов ва Эмомалӣ Раҳмон руасои Ҷумҳӯри Қирғизистон ва Тоҷикистон низ рӯзи ҷумъа дар дидоре дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Узбакистон дар бораи вазъияти марзӣ гуфтугӯ ва тавофуқ карданд, ки мақомҳои марбутаро барои ақабнишинии нерӯҳо ва тавофуқи даргирҳо мувазаф кунанд.

Ҷаборов рӯзи шанбе гуфт: Масъалаи марзҳои мавриди муноқиша ҳамеша бо даргири ва талафот ҳамроҳ буда, аммо мо ҳатто як метр аз замини худро ба касе нахоҳем дод.

Ин даригири, ки рӯзи чаҳоршанбеи гузашта бидуни ҳеҷ далели ошкор ё алани эълом шуда ғоз шуд, рӯзи ҷумъа шиддат гирифт.

Вазорати беҳдошти Қирғизистон бомдоди шанбе эълом кард, ки дар ин даргириҳо 24 нафар кушта ва 103 нафар захмӣ  шудаанд. Вазорати шароити изтирории Қирғизистон ҳам эълом кард, ки 136 ҳазор нафар аз минтақаи даргири ба ҷойҳои амн интиқол  дода шудаанд.

Ҳануз омори дақиқи талафоти Тоҷикистон эълом нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳаркадом дигариро ба шурӯъи даргиро муттаҳам мекунанд. 

 

 

 

Барчасп