Дархости Путин аз сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон барои худдорӣ аз авҷгирии даргириҳо
Раисиҷумҳури Русия дар вокуниш ба даргириҳои 2 рӯзаи марзӣ миёни нерӯҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз раисони ҷумҳурии ин ду кишвар хост, ки аз авҷгирии бештари даргириҳо худдорӣ кунанд.
Таниши марзӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон маъмулан ҳарчанд вақт якбор ташдид мешавад, аммо хеле зуд ҳам фурукаш мекунад. Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта даргирӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рух дод.
Ба гузориши хабаргузории Спутник, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия имрӯз (якшанбе) эълом кард, ки зимни баррасии авзоъ дар марзҳои муштараки Қирғизистону Тоҷикистон тайи тамосҳои телефонии ҷудогона бо Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон, аз ду тараф дархост карда, ки аз авҷгирии бештари даргириҳо ҷилавгирӣ карда ва барои оддисозии сареъи шароит аз равишҳои сулҳомези сиёсӣ ва дипломатӣ истифода кунанд.
Путин омодагии Русияро барои додани кумакҳои лозим барои тазмини субот дар манотиқи марзии Қирғизистону Тоҷикистон эълом кардааст.
Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта раисони неруҳои вижаи Қирғизистону Тоҷикистон тавофуқ карданд аз соати 16 ба вақти маҳаллӣ дар манотиқи марзӣ миёни ду кишвар оташбас барқарор шавад.
Феълан вазъ дар марз нисбатан ором арзёбӣ гардида, музокираи ҷонибҳо идома дорад.