Сентябр 19, 2022 19:15 Asia/Dushanbe
  • Пайгирии мусобиқоти байналмиллалии ҷудои Тоҷикистон
    Пайгирии мусобиқоти байналмиллалии ҷудои Тоҷикистон

Ин давра аз мусобиқот субҳи имрӯз душанбе 19 сенябр бо ҳузури се намояндаи Эрон дар шаҳри Хуҷанд оғоз шуд, ки намояндаи вазни 81 килограми Эрон ба марҳалаи поёнии  суъуд кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз равобит умумии Федератсияи ҷудо Маҳдӣ Фатҳипур аз Эрон дар даври аввал Наҷмиддин Муҳаммадшариф, намояндаи Тоҷикистонро дар муддати 30 сония бо зарбаи фанни шикаст дод ва сипас ба далели набуди рақиби дигар аз Тоҷикистон роҳи марҳалаи як чаҳоруми ниҳоӣ шуд ва дар ин марҳала низ Туҷоев аз Узбакистонро аз пеши рӯӣ бардошт ва роҳи нимаи ниҳоӣ шуд. Вай дар ин марҳала Ғаниҷон Ғаниев аз Тоҷикистонро шикаст дод ва роҳӣ дидори ниҳоӣ шуд.

Маҳдӣ Фатҳипур дар муборизаи поёнӣ Раҷабов аз Тоҷикистонро аз пеши рӯӣ дорад.

Ҳамидризо Попӣ намояндаи вазни 66 килограми тими ҷудои Эрон аммо пас аз бартари муқобили ҳарифи аз Тоҷикистон бо зарбаи фанни муқобили намояндаи дигари аз Тоҷикистон натиҷаро вогузор кард.

Рӯзи сешанбе Қосим Боғчиқи намояндаи вазни 91 килограми Эрон дар нахустин мубориза ба масофи ҷудокори Тоҷикистон хоҳад рафт.

 

Барчасп