Июл 27, 2016 20:56 Asia/Dushanbe

Вазири адлияи Тоҷикистон аз баррасии мавзуи фаъолияти Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар додгоҳи ин кишвар хабар дод.

Вазири адлияи Тоҷикистон бо ишора ба қатъи фаъолияти Кумитаи имдоди ҳазрати имом Хумайнӣ (р) дар ин кишвар гуфт: Фаъолияти ин ниҳод ба хотири нақзи бархе қавонин ва муқаррароти Тоҷикистон батаври муваққат қатъ шуда ва мавзуъ дар додгоҳ дар ҳоли баррасӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе гуфта буд, фаъолияти Кумитаи имдод ба дастури сафорат ва то замони равшан шудани мавзуъ мутаваққиф шудааст.

Вазири адлияи Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин дар бораи фаъолияти ниҳодҳои вобаста ба Фатҳуллоҳ Гулен дар Тоҷикистон тавзеҳ дод.

Ҳамкорамон Беҳрӯзи Саидхоҷа аз Душанбе гузориш медиҳад :