Сентябр 21, 2022 09:30 Asia/Dushanbe
  • Мақоми тоҷик: Музокира танҳо роҳи ҳалли мушкили марзӣ бо Қирғизистон аст

Муовини вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар нишасте бо ҳузури сафирон, раисон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ва ҳамчунин расонаҳои хориҷӣ, музокираро танҳо роҳи ҳалли мушкили марзӣ бо Қирғизистон донист.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, Содиқ Имомӣ изҳор дошт: "Баҳақ сарзаниш мешавем, ки вокуниши мо дар расонаҳо ҳамроҳ бо таъхир буда ва аз рӯйдодҳо ақиб мондаем, мехоҳам бигӯям, ки агар кишваре мавриди таарруз қарор гирифта бошад, ин як раванди айнӣ аст, зеро кишвари мутаҷовиз на танҳо иқдомоти мусаллаҳонаи худро аз қабл барномарезӣ мекунад, балки бар ин асос, аз соири маворид, аз ҷумла ҳамроҳии расонаҳо кумак мегирад ин шоҳиди дигаре бар таҷовузоти Қирғизистон алайҳи кишвар мо аст."

Ин мақоми сиёсии тоҷик идома дод: Мо ҳаргиз дар сиёсати расонаии худ ҳадафи душмансозӣ аз кишвар ва мардуми Қирғизистонро надоштем ва надорем. Аммо тарафи муқобил билъакс иқдом мекунад ва ҳамин ҳоло аз Бишкек  ва соири шаҳрҳои бузурги Қирғизистон хабарҳое мерасад, ки тоҷиктаборони муқими ин кишвар бидуни таваҷҷӯҳ ба тобеъияташон мавриди лату куб қарор мегиранд ва ба мақсади номаълуме бурда мешаванд. Ин натиҷаи иқдомоти расонаии манфии ҷониби дигар аст, ки аз кишвари ҳамсояи худ симои душманро тарсим кардааст.

Вай аз расонаҳои Тоҷикистон ташаккур кард, ки бовуҷуди фиқдони иттилооти расмӣ, бо иттико ба манобеи мавриди эътимод ва шоҳидони айнӣ рӯйдодҳоро ба таври фаъол пӯшиш доданд.

Имомӣ интиқоли тақрибан 140 ҳазор нафар аз сокинони рӯстоҳои марзии Қирғизистон ба манотиқи дигар қабл аз шурӯи даргириҳоро, ки дар муддатзамони кӯтоҳе қобили таҳаққуқ нахоҳад буд, яке дигар аз шавоҳиди дол бар омодагии қаблии неруҳои низомии Қирғизистон барои таъарруз ба марзҳои Тоҷикистон унвон кард.

Вай бо таваҷҷуҳ ба мавориди ёдшуда аз намояндагони кишварҳои дигаи хост то вазъияти мавҷӯдро ба сӯрати бетарафона ва воқеъбинона арзёбӣ кунанд. Зеро расонаҳои бархе аз кишварҳо, ки намояндагонашон дар ин толор ҳузур доранд, иттифоқотро якҷониба бозтоб додаанд.

Имомӣ теъдоди қурбониёни ҷониби Тоҷикистонро 41 нафар унвон ва тасреҳ кард, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъияти вахими теъдоде аз захмиҳо, мумкин аст ин рақам тағйир бикунад.

Муовини вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон истифода аз таҷҳизоти сангин ва силоҳи гарм тавассути низомиёни кишвари ҳамсоя алайҳи сохтумонҳо монанди мактабҳо, масҷид, манозил ва ҳатто  мошинҳои ёрии таъҷилиро, ки дар дохили он пизишкон ва афроди ғайри низомӣ ба шумӯли як зан ва ду кӯдак қарор доштанд ва ҳамагӣ кушта шуданд, маҳкӯм кард.

Ин мақоми сиёсии тоҷик ишора кард, ки тайи 12 соли ахир беш аз 230 мавриди истифода аз силоҳ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба сабт расидааст.

Ба гуфтаи вай, дар солҳои нахуст бо вуҷуди кушта шудани теъдоде дар миёни низомиён ва мардуми одӣ, Тоҷикистон ба ҳар тариқи мумкин аз ҳаргуна иқдоми талофиҷӯёна худдорӣ мекард то вазъият ба маҷрои музокирот бозгардонда шавад. Ҳатто ба манзури ҷилавгирӣ аз хунрезӣ, чандин бори иқдом ба халъи силоҳи сокинони манотиқи марзӣ шуд. Дар ҳоле, ки Қирғизистон сиёсати комилан мутафовитеро дунбол ва дар соли 2015 қонӯн «дар мавриди комиссарони марзӣ»-ро тасвиб кард, ки тибқи он тақрибан ҳар бузургсоле метавонад силоҳ ҳамл ва истифода кунад. Илова бар он вуруди атбоъ, худравҳо ва мошинҳои боркаши Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизистонро мамнӯъ кард, ки дар муғойирати комил бо асноди имзошудаи дуҷониба қарор дорад.

Тибқи назари ин мақоми сиёсии тоҷик, Қирғизистон тайи солҳои ахир дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон размоишҳои мухталифе баргузор кард, ки дар пайи он бархе аз нерӯҳоро ба маҳали истиқрори доимӣ барнагардонд ва дар манотиқи марзӣ, боқӣ гузошт.

Бинобар изҳороти Имомӣ, тайи солҳои ахир Қирғизистон фаъолиятҳои худ дар заминаи истифодаи кишоварзӣ ва иқтисодӣ аз манотиқи мавриди баҳсу манобеи обии фаромарзиро ташдид кардааст. Ин мавзӯ, аз ҷумла ба рӯдхонаи Хоҷа Боқиғон таъаллуқ мегирад, ки шаҳри Хуҷанд ва манотиқи перомунии он бо ҷамъияти болои ниммиллион нафар аз ин рӯдхона тағзия мекунанд, ки имсол тақрибан аз имкони обёрии мазореъи худ маҳрӯм шуданд. Чунин иқдоме дар тақобул бо асноде қарор дорад, ки дар он тақсими оби ин рӯдхона таъйин ва аз сӯи мақомоти марбӯтаи Қирғизистон имзо шудааст.

Имомӣ дар бахши поёнии суҳбатҳои худ, гуфт, ки Тоҷикистон бо вуҷуди субот надоштан дар амалкарди ҷониби Қирғизистон нисбат ба ҳаллу фасли масоили марзӣ, боз ҳам музокиротро танҳо роҳи ҳалли ин мушкил медонад.

Вай барои даст ёфтан ба натиҷаи матлӯб, таҳаққуқи тавофуқоти имзо шуда ва ғайринизомисозии марзҳо, яъне берун кардани неруҳои низомӣ ба шумӯли нерӯҳои вижа аз манотиқи марзиро амре, зарурӣ унвон ва таъкид кард, ки ба истиснои марзбонони ду кишвар набояд дигар нерӯҳо дар манотиқи марзӣ ҳузур дошта бошанд.

 

Барчасп