Имзои протоколи поёни даргирӣ миёни кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон
(last modified Sun, 25 Sep 2022 14:22:09 GMT )
Сентябр 25, 2022 19:22 Asia/Dushanbe
  • Имзои протоколи поёни даргирӣ миёни кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи якшанбе протоколи поёни даргирии марзиро имзо карданд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии «Кизил-Бел» гуфтушунид анҷом дода, дар хусуси қатъ намудани низоъ дар сарҳади ду кишвар протокол ба имзо расониданд.

Ду ҷониб изҳори умедворӣ намуданд, ки бандҳои созишномаи имзошуда мавриди иҷрои амалӣ қарор мегиранд ва дар сарҳади ду давлат суботу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил барқарор мегардад.