Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони осебдида дар даргирии навоҳии марзӣ
Сентябр 26, 2022 10:07 Asia/Dushanbe
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони осебдида аз даргириҳои навоҳии марзӣ кумак кард.
Ба гузориши “Азия Плюс”, давлати Тоҷикистон ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, ба мардуми навоҳии Исфараву Бобоҷон Ғафуров, ки аз даргириҳои марзии ахир зарар дида буданд, кумак кард.
Хадамоти матбуотии раиси минтақаи Суғд бо интишори аксҳои зиёде аз корвони комюнҳои боргиришуда бо кумакҳои башардӯстона навишт, ки кумакҳое шомили маводи ғизоӣ, сӯхту масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла 500 тон семент, 5000 қитъа бомпӯш, 1500 метри мураббаъ тахта, 5 тон анвои мех, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тон ангишт, 60 тон орд, 10 тон равған, 15 тон биринҷ ва 25 тон шакар аст.
Барчасп