Октябр 04, 2022 11:53 Asia/Dushanbe
  •  Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон рӯзҳои оянда низ дар шаҳрҳои Шероз ва Табрез баргузор хоҳад шуд
    Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон рӯзҳои оянда низ дар шаҳрҳои Шероз ва Табрез баргузор хоҳад шуд

Рӯзҳои фарҳангӣ Тоҷикистон дар Эрон пас аз чаҳордаҳ соли вақфа бо ҳузӯри вазирони фарҳанги дукишвар оғоз шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон бо ҳамкории Вазорати фарҳангу иршоти Исломии Эрон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳӯрии Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва Созмони фарҳанг ва иртибототи Исломии Эрон шомгоҳи душанбе дар Теҳрон ифтитоҳ ва дар рӯзҳои оянда низ дар шаҳрҳои Шероз ва Табрез баргузор хоҳад шуд.

Ин рӯйдоди фарҳангӣ шомили иҷрои барномаҳое  тавассути гурӯҳҳои ҳунарӣ аз ҷумла гурӯҳи  намоиш, гурӯҳи мусиқӣ, шеърхонии шоирони тоҷикистонӣ ва баргузории намоишгоҳи нақошӣ, акс, ҳунарҳои дастӣ ва либосҳои миллии ин кишвар мешавад.

Дар маросими ифтитоҳияи ин рӯйдоди бузурги фарҳангӣ ва  ҳунарӣ, Исомилӣ Вазири фарҳанг ва ирҳшоди Эрон, Давлатзода вазири фарҳанги Тоҷикистон, Низомиддини Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон ва ҷамъе аз ҳунармандони Тоҷикистон ва Эрон низ ҳузӯр доштаанд.

Барчасп