Октябр 05, 2022 18:48 Asia/Dushanbe

Тими миллии футсоли Тоҷикистон бо шикасти 3 бар 2 муқобили тими футсоли Тайланд дар марҳалаи як чаҳоруми ниҳоӣ аз мусобиқоти ҷоми миллатҳои Осиё канор рафт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дидори тимҳои миллии футсоли Тайлан ва Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар марҳалаи як чаҳоруми ҷоми миллатҳои футсоли Осиё 2022 дар Кувай баргузор шуд, ки дар ниҳоят Тайланд мувафақ шуд ҳарифи худро бо натиҷаи се бар ду шикаст диҳад.

Пеш аз ин мусобиқа тими миллии Эрон мувафақ шуд бо натиҷаи 8 бар 1 тими Ветнамро шикаст дода ва ба нимаи ниҳоӣ суъуд кунад.

Тимҳои миллии Ҷопон ва Узбакистон низ ба тартиб бо бартарии муқобили Инданезия ва Кувайт тавонистанд бар марҳалаи нимаи ниҳоӣ ин мусобиқот бирасанд.

Ба ин тартиб дар марҳалаи нимаи ниҳоӣ ин мусобиқот Эрон бо Тайланд ва Узбакистон бо Ҷопон мусобиқа хоҳанд дод.

 

Барчасп