Октябр 06, 2022 10:46 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли парвандаи рӯзноманигори боздошт шудаи тоҷик ба додгоҳ

Парвандаи Завқибек Саидаминӣ яке аз 4 рӯзноманигор боздошт шудаи тоҷик ба додгоҳ ирсол шуд.

Ба гузориши Азия Плюс, парвандаи Саидаминӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори боздошт шудаи тоҷик барои муҳокима ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фиристода шуд.

Замони оғози муҳокима ҳанӯз мушаххас нест ва додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, таърихи баргузории онро эълом накардааст.  Модари Завқибек гуфт: "се моҳ аст, писарашро надида ва шанбеи гузашта, ки барои мулоқот бо вазири дохила ба вазорат рафта буд, гуфтанд, ки имкони мулоқот бо ӯ вуҷӯд надорад."

Ин дар ҳоле аст, ки вакили Завқибек ҷузъиёте аз парвандаи вай ироа накард ва фақат гуфт, ки додгоҳ ҳанӯз оғоз нашудааст.

Завқибек Саидаминӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори тоҷик аст, ки маъмурони полиси шаҳри Ваҳдат ӯро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ боздошт карданд.

Ӯ ва наздиконаш ҳамвора ҳаргуна иртиботу ҳамкорӣ бо аҳзобу ҷумбишҳои мамнӯъа дар Тоҷикистонро рад кардаанд.

Ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Далери Эмомалӣ низ дар боздошт ва дар интизори судӯр ҳукм ҳастанд.

4 октябр низ додгоҳи минтақаи Шоҳмнсури шаҳри Душанбе Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке дигар аз хабарнигорони боздошт шудаи тоҷикро ба 7.5 сол зиндон маҳкӯм кард.

Наздикони вай бо раъйи додгоҳ мувофиқ нестанд ва гуфтаанд, ки ба мақомоти болотар шикоят хоҳанд кард.