Октябр 06, 2022 21:22 Asia/Dushanbe
  • Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар намоигоҳи байналмиллалии
    Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар намоигоҳи байналмиллалии "SLOW FOOD"-и Италия

Намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмиллалии "SLOW FOOD"-и Италия ширкат карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон намоишгоҳи байналмилаллии "SLOW FOOD" дар шаҳри Турини Италия баргузор шуд.

Дар ин намоишгоҳ ғурфаи Тоҷикистон беш аз 200 барги таблиғоти барои тарвиҷи масоили зистмуҳити, гардишгарӣ ва истифодаи пойдор аз манобеъи табиъи дар намоишгоҳ тавзеъ кард.

Ҳадафи намоишгоҳи байналмиллалии "SLOW FOOD" тарвиҷи истифода аз маводи ғизои солим аз назари зистмуҳити ва ҳимоят аз гардишгарӣ ва зистмуҳити аст.

Дар ин намоишгоҳи байналмиллалӣ намояндагони сад кишвар зарфиятиҳои табиъи ва зистмуҳитии кишварҳои худро ба намоиш гузоштанд.