Октябр 07, 2022 17:20 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Узбакистон ба Русия

Раисони ҷумҳурииТоҷикистону Узбакистон барои ҳузур дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ роҳии Русия шуданд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс" аз Тошканд, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон бино ба даъвати Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия имрӯз (ҷумъа) 7 октябр барои ҳузур дар нишасти ғайрирасмии руасои ҷумҳурии кишварҳои ИДМ озими шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ҳузур дар нишаст рӯзи ҷумъа Душанберо ба мақсади Санкт-Петербург тарк кард.
Барномарезӣ шуда, ки дар ин нишаст масоили рӯзи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва шарокати минтақаӣ баррасӣ шавад.
ИДМ пас аз фурӯпошии Шуравӣ шакл гирифт. Беш аз 70 дарсади буҷети ИДМ тавассути Русия пардохт мешавад.

 

Барчасп