Октябр 07, 2022 18:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳифзи пиряхҳо - пешниҳоди Тоҷикистон
    Ҳифзи пиряхҳо - пешниҳоди Тоҷикистон

Тоҷикистон дар чорчӯби нуҳумин конфронси вазирони муҳити зист дар Кипр хостори ҳимояти ҷомеаи байналмилалӣ барои номгузории соли 2025 ба унвони соли байналмилалии ҳифозат аз пиряхҳои табиӣ шуд.

Ба гузориши «Азия плюс», Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар ин конфронс, ки дар рӯзҳои 5 то 7 октябр дар Никосия (Ҷумҳурии Кипр) дар ҳоли баргузорӣ аст, ҳамчунин хостори эҷоди Сандуқи байналмилалии ҳифозат аз пиряхҳои табиӣ шуд ва гуфт, масоили марбут ба об шудани пиряхҳои табиӣ дар мавзуи тағйироти иқлимӣ ба далели гарм шудани замин аз аҳамияти ҳаётӣ бархӯрдор аст.

Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон афзуд, бо вуҷуди интишори ҳаддиақали газҳои гулхонаӣ, Тоҷикистон яке аз осебпазиртарин кишварҳо дар баробари асароти тағйироти обуҳавоӣ аст ва ба ҳамин хотир қасд дорад бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва пуштибонии фаннии шуракои тавсеа, рӯйи барӯзрасонии Китоби Сурхи ҷумҳурӣ кор кунад.

Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон як санади расмии давлатӣ аст, ки иттилооте дар мавриди гунаҳои нодири гиёҳӣ ва ҷонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ниёз ба ҳифозат доранд, дар он гирдоварӣ шудааст.

Ҳамчунин дар ин конфронс тавваҷуҳи вижае ба натоиҷи сеюмин баррасии амалкарди зистмуҳитии Тоҷикистон шуд.

 

Барчасп