Эъломи теъдоди боздоштшудагони ҳаводиси Бадахшон
(last modified Sat, 08 Oct 2022 17:17:04 GMT )
Октябр 08, 2022 22:17 Asia/Dushanbe
  • Эъломи теъдоди боздоштшудагони ҳаводиси Бадахшон
    Эъломи теъдоди боздоштшудагони ҳаводиси Бадахшон

Теъдоди боздоштшудагони ҳаводиси Бадахшон эълом шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, додситони кулли Тоҷикистон натоиҷи таҳқиқоти марбут ба нооромиҳои моҳи май дар Бадахшонро эълом кард.

Дар пайи ин ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ зидди 109 нафар аз саркардагон ва аъзои созмонҳои ҷиноӣ бар асоси маводи ҷудогонаи қонуни ҷазои Тоҷикистон ташкил шуд ва ба додгоҳ ирсол шуд.

Дар натиҷа 77 нафар ба истиноди аҳкоми қазоӣ ба муҷозот маҳкум шуданд ва парвандаҳои ҷиноятии 32 нафари дигар дар марҳалаи расидагии қазоӣ аст. Ҳамзамон 89 муътариз низ ба далели иғтишош ба додситони муъарифи шуданд. 

Дар ҳоли ҳозир додситонии Тоҷикистон эълом кард дар ин муддат чанд рузноманигор низ ба далели иртикоби ҷиноят ва узвияти ва ҳамкори бо созмонҳои ифротӣ-террористӣ дастгир шуданд.