Даромади 52 миллион долларии Тоҷикистон дар ду моҳ аз фурӯши пахта
(last modified Sun, 09 Oct 2022 06:45:09 GMT )
Октябр 09, 2022 11:45 Asia/Dushanbe
  • Дар соли гузаштаи мелодӣ низ 388.8 ҳазор тон пахтаи хом дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст
    Дар соли гузаштаи мелодӣ низ 388.8 ҳазор тон пахтаи хом дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст

Тоҷикистон дар моҳҳои январ ва феврали имсол ба арзиши 52.2 миллион доллар пахта содир кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, бар асоси ин гузориш, дар муқоиса бо шохиси замони мушобеҳи соли гузашта мизони фурӯши пахта аз назари вазн 21.5 дарсад коҳиш, аммо аз назари қимат 24 дарсад афзхоиш доштааст.

Тибқи омори хадамоти гумруки Тоҷикистон, тайи муддати зикр шуда ин кишвар ҳудҳуди 21 ҳазор тон пахта ба маблағи беш аз 52.2 миллион  доллар ба кишварҳои аврупоӣ ва остиёӣ содир кардааст.

Бинобар омори Вазорати саъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон, дар ин кишвар ҳудуди 30 воҳид насоҷи фаъолият мекунанд, ки маҷмӯъи зарфияти фароварии онҳо то 100 ҳазор тон пахта дар сол аст.

Дар соли гузаштаи мелодӣ низ 388.8 ҳазор тон пахтаи хом дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст.