Октябр 09, 2022 17:34 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон

Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон аз эҳзори сафири Қирғизистон дар Душанбе ва супурдани ёддошти эътироз ба вай хабар дод .

Ташдиди таниши ҷадид дар равобити Қирғизистону Тоҷикистон дар таърихи 16 - 14 сентябр иттифоқ афтод, ки яке аз шадидтарину хунбортрин даргирӣ дар кулли таърихи ин муноқишаҳо буд ва мунҷар ба кушта шудани беш аз 150 нафар аз ҳар ду тараф ва ҳамчунин фирори 140 ҳазор нафар шаҳрванди ғайринизомии қирғиз аз минтақаи муноқиша шуд .
Ба гузориши хабаргузории Форс, ниҳоди дипломотии Тоҷикистон дар пайи изҳороти сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Қирғизистон, Эрлан Абдилдаев- сафири ин кишвар дар Душанбе эҳзору ёддошти эътирозиро ба вай таҳвил дод .
Тибқи ин гузориш дар ёддошти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хотирнишон шуд, ки тарафи тоҷикии ин гӯна изҳороти номуносиби сухангӯи Вазорати хориҷаи Қирғизистонро далел бар фарсойиши фарҳанги сиёсӣ ва набуди одитарин ахлоқи диплумотӣ медонад .
Ҳамчунин  таъкид шуд, ки ин изҳороти намояндаи расмии Вазорати умӯри хориҷаи Қирғизистон талоши ношиёна барои таҳмили назароти нодуруст дар бораи далоили воқеии таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон ба Тоҷикистон ба афкори умумӣ аст, ки бо рӯҳу матни протоколҳои имзошудаи тавассути тарафҳо дар 19 ва 25 сентябри имсол мутобиқ надорад .
Дар идомаи ин дидор дар хусӯси лузӯми таъомули байни вазоратхонаҳои умӯри хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон барои ҷилавгирӣ аз интишори изҳороте, ки метавонанд ҷомеъаи ду кишварро ба иштибоҳ биндозанд, табодули назар сурат гирифт .
Пеш аз ин Чингиз Кистабоев-сухангӯи вазорати хориҷаи Қирғизистон дар сафҳаи Фейсбуки худ аз додани нишони « Лаёқати меҳанпарастӣ » -и Русия ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тазмини суботу амнияти минтақа интиқод кард ва ин иқдомро муғойир бо ончӣ ки дар марзи ду кишвар дида мешавад, хонд .