Октябр 10, 2022 14:38 Asia/Dushanbe
  • Фарҳанг - васлгари дилҳост
    Фарҳанг - васлгари дилҳост

Ройзани Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, табодулоти фарҳангӣ ва таомул миёни ҳунармандони ду кишвари Эрону Тоҷикистон дар таҳкими равобити давлатҳову миллатҳо бисёр асаргузор аст.

Зафар Муҳаммадӣ гуфт, табодулоти фарҳангӣ ва таомул миёни ҳунармандони ду кишвари Тоҷикистону Эрпон дар таҳкими равобити давлатҳову миллатҳо бисёр асаргузор аст.

Муҳаммадӣ бо ишора ба бародархондагии шаҳрҳои Табрез аз Эрон ва Хуҷанд аз Тоҷикистон ёдовар шуд, пеш аз ин Ҳафтаи фарҳангии Табрез дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе баргузор шудааст ва шоҳиди ҳузури ҷамъе аз ҳунармандони табрезӣ дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон будаем. Ин бор теъдоде аз ҳунармандони тоҷик дар Эрон ҳузур ёфтаанд то шоҳиди густариши беш аз пеши иртибототи фарҳангӣ миёни ду кишвар дар сутуҳи мухталиф бошем.

Ройзани фарҳангии Сафорати Тоҷикистон дар Эрон бо таъкид бар ин ки фарҳанг зербино ва асоси дигари таомулот миёни кишварҳову миллатҳост, гуфт; «Алоқаманд ба барпоии намоишгоҳҳои муштараки ҳунарӣ ва ҳамоишҳои мухталиф дар мавзуоти сиёсӣ, гардишгарӣ ва фарҳангӣ дар ду кишвар ҳастем».

Ӯ бо баёни ин ки мақбараи Камоли Хуҷандӣ фасли муштараке барои ду кишвар маҳсуб мешавад, идома дод: Иштирокоти фарҳангиву ҳунарии мавҷуд миёни шаҳри бузургу зебои Табрез ва дигар шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз аҳамияти густариши таомулот миёни ду кишвар дорад.